муқобил — [مقابل] а 1. рӯ ба рӯ 2. зид, нақиз: муқобили… збш. аз ҷиҳати маъно зид; акси маънои…, антоними…: калимаи «гарм» муқобили «сард» аст 3. мухолиф, зидбаромада; аз муқобил аз рӯ ба рӯ, аз пеш; ба муқобили… а) рӯ ба рӯи…. рӯёрӯи…; б) бар зидди…; в)… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
истодан — [ايستادن] 1. ба по будан; муқоб. нишастан 2. иқомат доштан, зистан, будан 3. тавақуф кардан; ист кардан; қарор гирифтан, ором шудан; як дам истодан // як нафас истодан андак таввақуф кардан, каме сабр кардан 4. барҷо (қоим) будан; воқеъ гаштан 5 … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ихтиллофнок — [اختلافناک] дорои носозгорӣ ва номувофиқатӣ; дорои зиддият … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
муқобилбароӣ — [مقابل براي] исми амал аз муқобил баромадан; муқобилият (зиддият) нишон додан ба касе (чизе) … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
муқовимат — (муқовамат) [مقاومت] а 1. рӯ ба рӯ истода зиддият нишон додан ба касе (чизе): муқовимати мусаллаҳона 2. истодагарӣ, муқобилӣ 3. физ. қуввае, ки ба ҷисмҳо таъсири акс мерасонад: муқовимати аэродинамикӣ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
мураккаб — [مرکّب] а 1. таркибёфта аз чанд чиз (ё ҷузъ), таркибӣ: калимаи мураккаб грам. калимае, ки бо риояи қоидаҳои калимасозӣ аз ду ё чанд ҷузъ таркиб ёфтааст: модаркалон, мардикоргирӣ 2. печдарпеч; мушкил: давраи мураккаб ва пур аз зиддият; мураккаб… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
мухолифат — (мухолафат) [مخالفت] а 1. ихтилоф, зиддият 2. муқобилат; мухолифат андохтан низоъ барангехтан, ҷудоӣ андохтан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
нақиза — [نقيضه] а 1. муаннаси нақиз 2. мухолифат, зиддият; адш. асари адабие, ки дар муқобил ё ҷавоби асаре навишта мешавад 3. тақлиди ҳаҷвӣ дар саҳна … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
тазодд — [تضاد] а. кит 1. зиддият, мухолифат, душманӣ, ноҷӯрӣ 2. адш. бо ҳам зид гузошта шудани ду ҳодиса дар асари бадеӣ, мас. суду зиён, некиву бадӣ, наздику дур, шабу рӯз … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
хилоф — [خلاف] а. зид, муқобил, мухолиф, зиддият, носозгорӣ; ношоиста (амал, рафтор); ба хилофи… бар акси…, бар зидди…, ба муқобили… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ